- давонидан
- [دواندن // دوانيدن]1. тарзи бавоситаи давидан; ба давидан водор кардан, тозондан; асп давондан а) асп тозондан, машғули аспдавонӣ шудан; аспро давонда рафтан; б) аспакӣ ҳуҷум кардан, савора ҳамла овардан2. андудан, ҳалкорӣ кардан (бо оби тилло, нуқра ва ғ.): зарҳал (оби тилло) давондан3. гуфт. касали дарунрав кардан4. маҷ. овораю саргардон кардан (бо ваъда анҷом додани коре)◊ ақл давондан ақлро ба кор андохтан, фикру андеша кардан; реша давондан а) реша паҳн кардан; нашъунамо кардан (-и растанӣ); б) мустаҳкам ҷойгир шудан; мавқеи худро мустаҳкам кардан; чашм давондан назар афкандан, нигоҳ кардан; тез аз назар гузаронидан; пӯсти нав давондан пӯсти нав баровардан, пӯст пайдо шудан (дар рӯи ҷароҳат)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.